Қодири Қосим: «Дар Паёми Пешвои миллат нақши сокинони Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беназир ҳисобида шуд»

Январь 6, 2023 08:55

ХОРУҒ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯшон сафари корӣ анҷом дода, бо сокинони ин ноҳия мулоқот намуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.  

Қодири Қосим Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳуҷҷати ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки «иҷрои босамари бандҳои муҳими  Паёми мазкур ба ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ, сарфи назар аз касбу кор ва мансабу мақом вобастагии зич дорад. Ҳамбастагӣ, муттаҳидӣ ва ҳамкории судманд миёни сохторҳои мухталифи давлатию ҷамъиятӣ ба хотири расидан ба ҳадафи ниҳоӣ яке аз дигар омилҳо ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ироаи Паёми худ нақши сокинони мамлакатро дар амалӣ намудани барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беназир унвон карда, изҳор доштанд, ки «маҳз бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда мешаванд».

Дар Паёми солона Пешвои миллат ба масъалаи бунёди неругоҳҳои барқи обӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла энергияи сабз бояд васеъ ҷорӣ карда шавад. Ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурии мо дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад. Аз рӯи истихроҷи газҳои гулхонаӣ Тоҷикистон дар мақоми баландтарин ҷой гирифтааст».

Бинобар ин раванди истеҳсол ва тавсеаи «энергияи сабз» минбаъд низ дар мамлакат равнақ меёбад. Ҳоло сохтмони Неругоҳи барқи обии Себзор ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъа, неругоҳҳои бодию офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи 170 миллион сомонӣ бо маром идома дорад. Бо пайдо гардидани имконоти молӣ бунёди яке аз дигар неругоҳҳои нисбатан бузург бо номи Санобод дар ноҳияи Рӯшон оғоз мегардад.

Яке аз дигар масъалаҳои муҳим барои мардуми ҷумҳурӣ- ин аз бунбасти коммуникатсионӣ берун намудани мамлакат буд, ки имрӯз ҳалли худро пайдо намуд. Ҳоло тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар чаҳор фасли сол бо ҳам рафтуомади нақлиётӣ доранд. Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду навсозии роҳҳо ва тақвияти имконияти транзитии мамлакат дар соли 2022 татбиқи се лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла, дар як қисмати роҳи мошингарди Данғара-Бохтар, роҳи мошингарди Душанбе-Кулма дар  қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ то  сарҳади Рӯшон оғоз гардид. Ҳамчунин ояндаи наздик сохтмони пулҳо дар дарёи Ғунд ва долонҳо дар деҳаи Барсем шурӯъ мешаванд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим аз дастовардҳои солҳои охири хонандагон дар озмуну олимпидаҳои ҷумҳуриявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳли толорро даъват намуд, ки ба тарбияи насли наврас минбаъд низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, дарки ҳувияти миллӣ, садоқат ба миллату ватан ва арзишҳои пурғановати миллӣ тарбия намоянд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Рӯшон Меҳриддин Замонов ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим барои мулоқоти судманд изҳори сипос намуда, роҷеъ  ба Паёми солонаи Пешвои миллат  ва нуктаҳои муҳими он мулоҳизаҳои худро баён намуд.

АКС: АМИТ «Ховар» 

Январь 6, 2023 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид
Робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкории гуногунсамта байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
БАРНОМАИ МАҚСАДНОКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ИЛМҲОИ РИЁЗӢ, ДАҚИҚ ВА ТАБИӢ. Доир ба он муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд
Дар Парлумон «Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон доир гардид
Дар Парлумон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ доир гардид
Дар Душанбе густариши робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид
Файзалӣ Идизода бо Элза Пинёл густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ намуд