Ҷон Керри мубориза бо тағйирёбии иқлимро ба Ҷанги дуюми ҷаҳон баробар кард

Январь 18, 2023 11:41

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои расидан ба ҳадафи   созишномаи Париж оид ба тайғирёбии иқлим ва роҳ надодан ба баландшавии ҳарорати ҳаво беш аз ҳадди 1,5 дараҷаи Селсия то ҳанӯз имкон мавҷуд аст, аммо барои ин бояд ба ҳалли ин мушкилӣ ҳамчун пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муносибат кард. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора намояндаи махсуси президенти Амрико оид ба  иқлим Ҷон Керри рӯзи сешанбе зимни суханрониаш  дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) дар Давос изҳор дошт.

«Мо ҳанӯз ин имконро [дар доираи 1,5 дараҷа нигоҳ доштани гармиро] аз даст надодаем. Ҳанӯз имкони ноил шудан ба ин мавҷуд аст, агар мо ба он ҳамчун як мушкилоти воқеӣ, мисле, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ [мо ғалаба ба даст овардем] муносибат кунем. Он вақт мо мефаҳмидем, ки барои ғалаба, ки соли 1943 ба он комилан боварӣ надоштем, назоратро дар  осмон ва баҳр <…> муқаррар кардан зарур аст ва мо онро кардем»,-гуфт ӯ.

Ин мансабдор ёдовар шуд, ки барои 80% тамоми партовҳо 20 иқтисоди ҷаҳонӣ масъуланд. «Барои ҳалли мушкилот бояд сараввал итминон дошт, ки ҳамаи ин кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Чин, Россия, Ҳиндустон, Индонезия, Мексика, Бразилия он кореро анҷом медиҳанд, ки бояд кунанд. Онҳо бояд сари мизи гуфтушунид нишинанд ва роҳи ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ намоянд, аммо вақти барои ин ҷудошуда ба охир мерасад»- ишора намуд Керри.

Вай шубҳае надорад, ки ҷаҳон ба иқтисоди камкарбон мегузарад, аммо мутмаин нест, ки ин кор сари вақт амалӣ мешавад ва ба сайёра имкон медиҳад, ки аз «бадтарин оқибатҳое, ки ба миллионҳо одамон таъсир мерасонанд», канорагирӣ карда шавад. «Аз 20 кишваре, ки аз тағйирёбии иқлим бештар осеб дидаанд, 17-тояш дар Африқоянд»,-илова кард  ӯ.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Январь 18, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид