Петр Павел президенти нави Чехия интихоб гардид

Январь 30, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ раиси Кумитаи низомии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ Петр Павел пирӯзии худро дар даври дуввуми интихоботи президентии Чехия кафолат дод. Дар ин хусус зимни ҳисоб кардани овозҳо, ки рӯзи шанбе ба поён расид, телевизиони Чехия хабар дод. Сарвазири ҷумҳурӣ Петр Фиала пирӯзии Павелро дар интихоботи президентӣ тасдиқ кард, иттилоъ  медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба ТАСС.

«Президенти нави Чехия Петр Павел интихоб шуд, — изҳор намуд барандаи барномаи телевизионӣ. — Андрей Бабиш  дигар наметавонад ин қадар овоз ҷамъ кунад, то ба Петр Павел баробар шавад».

Нахуствазири Чехия Петр Фиала дар нишасти матбуотӣ пирӯзии Павелро дар интихоботи президентӣ тасдиқ кард.

Тавре агентии иттилоотии «CTK» бо истинод ба Раёсати омории Чехия хабар дод, Павел дар даври дуюми интихоботи президентӣ, ки рӯзҳои ҷумъа ва шанбе баргузор шуд, бо 57,59 дарсади овозҳо пас аз ҳисоб кардани 95,5 дарсади овозҳо аз ҳавзаҳои интихоботӣ пирӯз гардид. Рақиби ӯ, нахуствазири собиқи Чехия Андрей Бабиш 42,4% раъйи интихобкунандагонро ба даст овард. Ҳозиршавӣ ба раъйдиҳӣ  аз шумораи умумии 8,25 миллион овоздиҳандагони ҷумҳурӣ 70,17%-ро ташкил дод.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 30, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Арабистони Саудӣ ёддошти шарикӣ бо Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ кард
СУТ 9 ҳолати сироятёбӣ аз табларзаи Марбургро дар Гвинеяи Экваториалӣ тасдиқ кард
Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст