Пули мошингузари шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ дар муддати кӯтоҳ таъмир мегардад

Январь 10, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пули мошингузари шоҳроҳи Панҷакент- Айнӣ, ки ба асари офатҳои табиӣ қисмати муҳофизатӣ ва обгузари он зиён дида буд, дар муддати кӯтоҳ ва босифат таъмир карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Намояндаи Ҳукумати мамлакат, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ҳамроҳи Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар канори деҳаи Рӯзи обнок бо рафти таъмири пули мошингузари шоҳроҳи мазкур шинос шуда, ба сардори Муассисаи давлатии истифодаи роҳҳои мошингарди шаҳр дастур доданд, ки корҳои таъмири пулро дар муддати кӯтоҳ ва босифат анҷом диҳанд.

Мавриди зикр аст, ки таъмиру таҷдид ва бунёди роҳу пулҳо, нақбҳои нақлиётӣ аз иқдомҳои шоиста аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешаванд.

Тавре дар Паёми имсола Сарвари давлат иброз намуда буданд, бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Ҳамзамон Пешвои миллат дар ин ҷода ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат супориш доданд, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: МИҲД-и шаҳри Панҷакент

Январь 10, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд