Рамазон Раҳимзода аз Вазири корҳои дохилии Россия хоҳиш намуд, ки ҷиҳати воқеъбинона тафтиш кардани ҳодисаи нисбат ба зани тоҷик рухдода мусоидат намояд
ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев вобаста ба ҳодисаи 4 январи соли равон, ки дар тарабхонаи «Хинкалная Тбилисо», воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Москваи Федератсияи Россия нисбат ба шаҳрванди кишвари мо Сайёра Дусаева рух дод, барқия ирсол намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар барқияи мазкур хоҳиш карда шудааст, ки Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев ҷиҳати воқеъбинона баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки як ошпази тарабхонаи «Хинкалная Тбилисо» шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона лату кӯб намуда, нисбат ба ў зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафашро паст задааст. Номбурда маҷбур шудааст, ки барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия тафтишот идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






