Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон: «2201 нафар ба фаъолияти омӯзгорӣ сафарбар гардиданд»

Январь 31, 2023 15:45

ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли гузашта дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ 2201 нафар  баъди хатми донишгоҳ  ҳамчун омӯзгор фиристода шуд. Ин матлабро Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

«Бо ин мақсад тасмим гирифтем, ки давра ба давра донишҷӯёнро ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ба муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ сафарбар намуда, мушкилоти ҷойдоштаи норасоии мутахассисонро дар муассисаҳои таълимӣ бартараф намоем», -гуфт  ректори донишгоҳ.

Иброз карда шуд, ки шартномаи ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ нисбат ба солҳои пешин ба маротиб зиёд шудааст, аз ҷумла агар то соли 2021 бо 25 мактаб шартномаи ҳамкорӣ вуҷуд дошт, соли 2022 ин теъдод ба 35 адад расидааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли 2023 баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр намудани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Аҳлиддин Ибодуллозода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли равон Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 ба фаъолият оғоз менамояд. Инчунин имсол дар факултетҳои химия, биология ва физика 3 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода мешавад.

«Давоми соли 2023 нақша дорем, ки барои донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва география бинои нави дуошёнаи таҷрибомӯзиро, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми он идома дорад, мавриди истифода қарор диҳем», гуфт Аҳлиддин  Ибодзода.

Соли 2022 шуъбаҳои рӯзона ва фосилавии донишгоҳро 3093 нафар хатм намудаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2023 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд