Роҳи мошингарди Бохтар-Левакант ва Лолазор-Левакант таҷдид мегардад

Январь 27, 2023 11:03

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди қитъаи 1 («Бохтар-Левакант, аз км 0,00 то км 9,72) ва қитъаи 2 («Левакант- Лолазор, аз км 9,72 то км 40,0») дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони ширкати «Nanjing Communication Engineering Co. Ltd» – и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҶСП «Заводи Асфалту Бетон» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Лоиҳаи мазкур яке аз 5 лоиҳаҳое мебошад, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оғоз бахшидани онҳо дар соли 2023 супориш дода шуда буд. Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон 24 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёт оид ба амалӣ намудани дастурҳои Паём супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд тазаккур дод, ки бори аввал дар таърихи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ, ки дар он беш аз 18 ширкати хориҷӣ низ иштирок доштанд, дар рақобати солим ду ширкати маҳаллӣ: ҶДММ «ИДЕАЛ-СЕРВИС» ва ҶСП «Заводи Асфалту Бетон» аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ғолиб дониста шуданд. Инак барои фаъолият пурра кормандони маҳаллӣ ба кор гирифта мешаванд. Назорати сифати сохтмонро ширкати австралиягии СМЕК ба уҳда дорад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 27, 2023 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд