SIM-КОРТҲОЯТОНРО ДАР ВАҚТАШ АЗ ҚАЙД ГУЗАРОНЕД! Хабарнигори АМИТ «Ховар» бори дигар ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки барои ин кор кадом ҳуҷҷатҳо заруранд

Январь 19, 2023 12:51

ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, тамоми  шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, ки то 15 феврали соли 2023 SIM-кортҳои худро аз рӯи шиносномаҳои намунаи нав (ID-кортҳои пластикӣ) аз нав ба қайд гиранд. Агар ин кор анҷом наёбад, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ширкатҳои мобилӣ  маҷбур мешаванд, ки хизматрасонии рақамҳои муштариёнро қатъ намоянд.

Баҳри осон кардани кори муштариён мо дастуруламалро оид ба ивазкунии шиносномаи кӯҳнаи коғазин ва гузаштани азнавбақайдгирӣ омода намудем, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Роҳбари хадамоти фурушҳо ва хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Сунатулло БАБАЕВ. Мавсуф афзуд, ки бархе аз муштариён баъди гузаштани азнавбақайдгирӣ соҳиби бонусҳои беҳтарин аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мешаванд. 

Барои иваз намудани шиноснома кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

Дар посух ба ин савол ҳамсуҳбати мо илова кард, ки барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 (ID-корти пластикӣ) зарур аст, ки ба шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи макони қайд муроҷиат намоед. Ва бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:

— шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 1996 (коғазин);

— рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

— расиди пардохти даҳ доллари ИМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақагир, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озод карда мешаванд);

— маълумот дар бораи макони зист: иқтибос аз дафтари ҳавлӣ, ордери манзили истиқоматӣ ё хона, маълумотнома аз ҷамоати деҳот;

— шаҳодатномаи ақди никоҳ ё бекоркунии ақди никоҳ;

— як дона сурати сиёҳу сафед ба андозаи 3,5х4,5 мм;

— маълумот дар бораи гурӯҳи хун (мувофиқи хоҳиш).

Чӣ тавр метавон SIM-кортро аз нав ба қайд гирифт? 

Шиносномаи намунаи навро бо қайди зист гирифта, шахсан ба идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳозир шавед. Барои азнавбақайдгирии SIM-корт ҳамин амал кофист.

«Муштариёне, ки аллакай SIM-кортро аз рӯи шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд гирифта буданд, дар ҳолате бояд ба идораҳои оператор ҳозир шаванд, ки агар маълумоти онҳо тағйир ёфта бошад – яъне агар онҳо ID-кортро такроран гирифта бошанд. Агар маълумоти онҳо бетағйир монда бошад, аз нав гузаштани тартиби азнавбақайдгирии SIM-корт зарур нест»,-  гуфт Сунатулло Бабаев.

Ҳар як муштарӣ метавонад бисанҷад, ки оё рақами ӯ аз нав ба қайд гирифта шудааст ё не. Барои ин ӯ бояд USSD-дархости *321#-ро рақамчинӣ карда, тугмаи даъватро пахш намояд. Маълумоти зарурӣ тариқи SMS-огоҳӣ фиристода мешавад. USSD-дархости *409# бошад, имкон медиҳад, бифаҳмед, ки чанд рақам ба номи муштарӣ ба қайд гирифта шудааст. Агар миқдори онҳо зиёдтар аз 2 ададро ташкил диҳад, зарур аст, ки ба идораи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирии рақам ҳозир шавед.

Ҳангоми шахсан омада натавонистан чӣ бояд кард? 

Муштариёне, ки берун аз ҳудуди кишвар қарор доранд ё бинобар вазъи саломатӣ ба идораи оператор омада наметавонанд,  азнавбақайдгириро бо ёрии шахси ваколатдор мегузаранд.

Дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошанд:

— шиносномаи шахси ваколатдор;

— нусхаи шиносномаи соҳиби SIM-корт;

— ваколатномаи муштарӣ, ки дар он маълумоти шиносномаи ӯ ва шиносномаи шахси ваколатдор оварда шудааст. 

SIM кортро аз нав ба қайд гирифтед – соҳиби бонусҳо шавед! 

«МегаФон Тоҷикистон” барои муштариёни худ бонусҳо – бастаҳоро бо 2000 Мб ё 4000 Мб трафики интернет омода намуд. Имконият танҳо ба нафароне дастрас аст, ки SMS-ҳои махсусро бо даъвати ҳозиршавӣ ба идораҳои хизматрасонӣ барои гузаштани азнавбақайдгирӣ ба даст овардаанд. Номи бастаи бонусӣ инчунин дар SMS қайд карда мешавад, муҳлати амали он – 30 шабонарӯз аз лаҳзаи фаъолкунӣ мебошад.

Бонусҳоро метавон танҳо дар сурати муваффақона  гузаштани азнавбақайдгирӣ то 15 феврали соли 2023 фаъол намуд. Амали бонус ба таври автоматӣ давоми 24 соат аз лаҳзаи гузаштани азнавбақайдгирӣ оғоз меёбад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: ҶСП «ТТ мобайл»

Январь 19, 2023 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд