Соли 2022 беш аз 104 ҳазор нафар кӯдакон ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 12.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон 104 ҳазору 246 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади гузаронидани маросими хатнаи кӯдакон айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар 584 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои охир, ки моҳи августи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20 рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад. Ҳамчунин маросими мазкур танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо қабул шуда буд, ки дар моддаи 9-и қонуни мазкур чунин омадааст: «Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад».
Бояд гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон мебошад.
АКС: маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






