ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, душанбе, 2-юмин рӯзи соли 2023 аст

Январь 2, 2023 08:00

2 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ва «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро имзо карданд.

***

6 сол пеш, 2 январи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1925 дар ҳайати Тоҷикистони Шӯравӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.

2 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА — Рӯзи миллии мӯъҷизаҳои илмӣ.

РӮЙДОДҲО:

2 январи соли 2018 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Созмони байналмилалии «British Backpacker Society» оид ба имкониятҳои туристӣ ба даҳгонаи беҳтарин шомил шуд.

***

2 январи соли 1968 дар Африқои Ҷанубӣ дуюмин маротиба дар ҷаҳон ҷарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани дил сурат гирифт.

***

2 январи соли 1988 ИМА ва Канада дар бораи савдои озод байни ҳам шартнома ба имзо расониданд.

***

2 январи соли 1992 Қазоқистон ба ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шомил шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018  Қонунит Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид.

***

Соли 1959 аввалин стансияи автоматӣ- байнисайёравии «Луна-1» ба кайҳон бароварда шуд.

Январь 2, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, душанбе, 229-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, якшанбе, 228-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, шанбе, 227-умин рӯзи соли 2026 аст