ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 январ, душанбе, 23-юмин рӯзи соли 2023 аст

Январь 23, 2023 08:00

23 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд. Дар он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода,  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 муайян намуданд.

***

15 сол пеш, 23 январи соли 2008 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.

23 ЯНВАР

Дар ҷаҳон — Рӯзи дастхат (ва ё рӯзи мактуби дастнавис).

 РӮЙДОДҲО:

 12 сол пеш аз ин, 23 январи соли 2011 дар шаҳри Исломобод масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар майдончаи сунъии назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ давраи финалии лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд!» оғоз гардид, ки 29 январ ба анҷом расид.

***

5 сол пеш, 23 январи соли 2018 дар Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе фестивали санъати кӯдаконаи «Ҳафтранг» доир гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1849 дар Иёлоти Ню-Йорк Элизабет Блеквелл аввалин зане шуд, ки дар ҷаҳон дипломи духтурӣ ба даст овард.

 ***

Соли 1912 дар Гаага Конвенсияи байналмилалии афюн аввалин созишномаи байналмилалӣ дар бораи назорати маводи мухаддир ба имзо расид.

Январь 23, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш