Табибони тоҷик дар Ҷопон ва Эрон малакаи касбии хешро такмил медиҳанд

Январь 31, 2023 13:28

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик  дар Ҷопон ва Эрон малакаи касбиашонро такмил медиҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати​ тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мутахассис-муҳандисони КВД «Тоҷиктибтаҷҳизот» А. Бузуруков ва А. Эшонов ба шаҳри Токиои Ҷопон сафарбар гардида, дар даври омӯзишӣ роҷеъ ба «Идоракунӣ ва нигоҳдории таҷҳизоти тиббӣ», ки аз 20 январ то 23 феврал​ баргузор мешавад, иштирок менамоянд.

Инчунин бо мақсади гузаштани такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониш мутахассисони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмии клиникии стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», инчунин як гурӯҳ ​ ҷарроҳони муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ аз 12 январ то 20 апрели соли 2023 ба шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар ​ гардиданд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи ҳамкории​ мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон  табибони тоҷик донишу малакаи касбии хешро дар хориҷа такмил медиҳанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 31, 2023 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»