Табибони тоҷик усули табобати бемориҳои сӯхтагиро дар Ҷумҳурии Корея меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик дар беморхонаи Бестияни шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея усули табобати бемориҳои сӯхтагиро меомӯзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Ду нафар табиби ҷумҳурӣ — комбустиологи Маркази тиббии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе Абубакр Нозимов ва табиб, ҷарроҳи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Шоҳруз Сафаров аз 14 ноябри соли 2022 то 28 январи соли 2023 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея таҷриба меомӯзанд.
Ёддошти тафоҳум барои таҷрибаомӯзӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Бестияни Ҷумҳурии Корея 28 сентябри соли 2022 ба имзо расидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд давлатҳои олам Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат низ ҳамкории судмандро вобаста ба табодули таҷрибаи табибони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷии хеш дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо якчанд давлатҳо ба роҳ мондааст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






