Табибони тоҷик усули табобати бемориҳои сӯхтагиро дар Ҷумҳурии Корея меомӯзанд

Январь 23, 2023 13:31

ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик дар беморхонаи Бестияни шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея усули табобати бемориҳои сӯхтагиро меомӯзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Ду нафар табиби ҷумҳурӣ — комбустиологи Маркази тиббии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе Абубакр Нозимов ва табиб, ҷарроҳи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Шоҳруз Сафаров аз 14 ноябри соли 2022 то 28 январи соли 2023 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея таҷриба меомӯзанд.

Ёддошти тафоҳум барои таҷрибаомӯзӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Бестияни Ҷумҳурии Корея 28 сентябри соли 2022 ба имзо расидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати​ Ҷумҳурии Тоҷикистон​ бо якчанд давлатҳои олам Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат низ ҳамкории судмандро вобаста ба табодули таҷрибаи табибони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷии хеш дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо якчанд давлатҳо ба роҳ мондааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Январь 23, 2023 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад