ТАВСИЯИ КҲФ ВА МГ. Ба сокинони Тоҷикистон маслиҳат доданд, ки дар рӯзҳои сарди моҳи январ аз кадом амалҳо худдорӣ намоянд

Январь 7, 2023 14:58

ДУШАНБЕ, 07.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ҳавои сарду сербориши аз 7 то 12 январ дар қаламрави Тоҷикистон аз сокинон даъват ба амал меорад, ки ҳангоми истифодаи асбоби барқӣ қоидаҳои бехтарии сӯхторро ҷиддӣ риоя намуда, неруи барқро сарфа карда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро низ риоя кунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.      

Дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе — Сангвор, Душанбе-Шамсиддини Шоҳин-Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб лағзиши тарма ва ба вуҷуд омадани барфтӯда пешбинӣ мешавад. Сардии ҳаво боиси яхбандиҳо дар роҳҳои мошингард мешавад. Резиши сангу рег ҳам дар роҳҳо эҳтимол дорад.

Кумита дар ин рӯзҳо ба ронандагон тавсия медиҳад, ки то сафар мошини худро санҷанд, чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намояд, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зиддилағзиш дар ях, занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоянд. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷанд. Бо ҳамон суръате мошин ронанд, ки бехатарии худ ва ҳамроҳонашонро таъмин карда тавонанд. Боло бурдани суръати ҳаракат, бахусус ҳангоми убур аз чорроҳаҳо, пиёдагардҳои назди мактабу дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нишебиҳо ҳамеша бар зарар аст.

Ҳамзамон Кумитаи мазкур чанд тавсия ба онҳое, ки хонаҳои худро бо бухориҳо гарм мекунанд, пешниҳод намудааст. Аз ҷумла бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъи зуд оташгиранда нагиронанд. Ҳезум ва дигар маводи оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоранд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обу ҳавошиносии кишвар хабар дод, аз 7 то 12 январ дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво сарду сербориш мешавад. Дар ин рӯзҳо бахусус шабона ҳаво дар қиёс ба рӯзҳои дигар сардтар хоҳад шуд. Дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати мошинҳо хатар бештар мешавад. Дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ шамоли сахт пешбинӣ мешавад ва дар минтақаҳое аз ин навоҳӣ барфи шадид меборад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: © Sputnik / Амир Исоев

 

Январь 7, 2023 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон