ТАВСИЯИ КҲФ ВА МГ. Ба сокинони Тоҷикистон маслиҳат доданд, ки дар рӯзҳои сарди моҳи январ аз кадом амалҳо худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 07.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ҳавои сарду сербориши аз 7 то 12 январ дар қаламрави Тоҷикистон аз сокинон даъват ба амал меорад, ки ҳангоми истифодаи асбоби барқӣ қоидаҳои бехтарии сӯхторро ҷиддӣ риоя намуда, неруи барқро сарфа карда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро низ риоя кунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе — Сангвор, Душанбе-Шамсиддини Шоҳин-Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб лағзиши тарма ва ба вуҷуд омадани барфтӯда пешбинӣ мешавад. Сардии ҳаво боиси яхбандиҳо дар роҳҳои мошингард мешавад. Резиши сангу рег ҳам дар роҳҳо эҳтимол дорад.
Кумита дар ин рӯзҳо ба ронандагон тавсия медиҳад, ки то сафар мошини худро санҷанд, чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намояд, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зиддилағзиш дар ях, занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоянд. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷанд. Бо ҳамон суръате мошин ронанд, ки бехатарии худ ва ҳамроҳонашонро таъмин карда тавонанд. Боло бурдани суръати ҳаракат, бахусус ҳангоми убур аз чорроҳаҳо, пиёдагардҳои назди мактабу дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нишебиҳо ҳамеша бар зарар аст.
Ҳамзамон Кумитаи мазкур чанд тавсия ба онҳое, ки хонаҳои худро бо бухориҳо гарм мекунанд, пешниҳод намудааст. Аз ҷумла бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъи зуд оташгиранда нагиронанд. Ҳезум ва дигар маводи оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоранд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обу ҳавошиносии кишвар хабар дод, аз 7 то 12 январ дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво сарду сербориш мешавад. Дар ин рӯзҳо бахусус шабона ҳаво дар қиёс ба рӯзҳои дигар сардтар хоҳад шуд. Дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати мошинҳо хатар бештар мешавад. Дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ шамоли сахт пешбинӣ мешавад ва дар минтақаҳое аз ин навоҳӣ барфи шадид меборад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






