Тоҷикистон ва Эрон дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судмандро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо дар мавриди дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди байни ду мамлакат, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 январ дар пойтахти Узбекистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид
Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид






