Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон ва ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






