Вакилони Маҷлиси намояндагон Паёми Пешвои миллатро ба сокинони шаҳри Ҳисор тавзеҳ доданд

Январь 3, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, вохӯрии  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз 30 декабри соли сипаригардида оғоз шуд, ки то 8 январ ҷараён мегирад. Дар доираи ин нақша вакилони Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода,  Сурайё Дустмуродзода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода дар маркази саломатӣ ва Беморхонаи марказӣ бо кормандони соҳаи тибби шаҳри Ҳисор вохӯрда, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба интихобкунандагон расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Зикр шуд, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳилаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.

Бахусус соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.

Сурайё Дустмуродзода аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард, ки «дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид».

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

 Акс: МН МО ҶТ

Январь 3, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд