ВАО: бар асари таркиш дар назди Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон 21 нафар ба ҳалокат расиданд

Январь 12, 2023 12:37

ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе, 11 январ бар асари таркиш дар маркази Кобул дар назди бинои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, ки  дар он ҳокимиятро ҳаракати ифротии «Толибон*» ғасб кардааст, 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин боро рӯзномаи «Hasht-e Subh» бо истинод ба манбаъҳои худ навиштааст.

Бино ба иттилои нашрия, тақрибан 21 нафар кушта ва 25 каси дигар захмӣ шудаанд.

Қаблан шабакаи телевизионии Al Jazera дар бораи 7 қурбонӣ ва 10 захмӣ хабар дода буд.

Тавре дар саҳифаи Twitter-и худ муовини раиси дафтари муовини сарвазир дар ҳокимияти муваққатии толибон Аҳмадулло Муттакӣ ишора кардааст, рӯзи чоршанбе террористи маргталаб кӯшиши намудааст, ки ба бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ворид шавад.

Ба гуфтаи Муттакӣ,  террористро посбонон дар назди дари бино муайян карда шуд, ки баъди он ӯ таркиш ба амал овард.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

__________________

*«Толибан»-ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳо

 

АКС: © Bilal Güler/ Anadolu Agency via Getty Images

Январь 12, 2023 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид