30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар қисми ҳарбии шаҳри Конибодом Рӯзи шиносоӣ доир карда шуд
СУҒД, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи шиносоӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Конибодом хабар доданд.
Дар ҷамъомад роҳбарияти шаҳри Конибодом, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, вакилони маҷлиси вилоятӣ ва шаҳрӣ, падару модарон иштирок намуда, бо сарбозон роҷеъ ба 30 соли таърихи таъсиси Артиши миллӣ, саҳми ҷавонони содиқу ватандӯсти тоҷик дар таъмини тинҷиву осудагии халқу ватан суҳбат анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҷаҳон муаррифӣ шуда, имрӯз чун ҷумҳурии дорои тамаддун ва арзишҳои бой эътибор пайдо кардааст. Таъкид шуд, ки имрӯз давлату ҳукумат масъулияти басо муҳим — ҳимояи арзишҳои давлатдориро ба сарбозони шуҷои Ватан бовар намудаанд.
Сипас иштирокдорон аз шароити қисми ҳарбӣ ва ҷараёни хизмати сарбозон дидан намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо тарзи истифодаи яроқ ва ҳаёти хизматии сарбозону афсарон шинос шуданд. Аз ҷониби модарон ба сарбозону афсарон нону шириниҳо ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронидани вохӯриву ҳамоиш бо сарбозону афсарон ҷараён дорад.
Сурат-гузориш аз Рӯзи шиносоӣ дар қисми ҳарбии шаҳри Конибодом пешниҳод мешавад:
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Конибодом














«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






