ГРАНД СЛАМИ ТОШКАНД. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо барои иштирок дар он омадагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир бо ҷараёни машқу тамрини дастаи мунтахаби Тоҷикистон шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷамъомади машқию таълимии дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 16 феврал оғоз гардида, то 26 феврал идома меёбад. Машқҳои дастҷамъона омодашавӣ ба Гранд Слами Тошканданд, ки 3-5 март баргузор мегардад.
Ҷудочиёни тоҷикро мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тору ба мусобиқаи мазкур омода мекунад.
Бояд тазаккур бод, ки чанде қабл дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ва клуби варзишии «Мори»-и шаҳри Иркутски Федератсияи Русия дар бошгоҳи варзишии ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» марҳилаи аввали машқҳои дастҷамъонаро анҷом доданд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






