7 нафари аз заминларзаи Туркия наҷотёфта бар асари сӯхтор дар қисми марказии мамлакат ҳалок шудаанд

Февраль 20, 2023 11:12

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 нафаре, ки аз заминларзаи шадид дар Туркия наҷот ёфта буданд, имрӯз бар асари сӯхтор дар шаҳри Қуния дар қисми марказии ин давлат, ки муваққатан дар онҷо зиндагӣ мекарданд, ҳалок шуданд. Дар ин хусус расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд.

Ҳамаи ҳафт нафари ҳалокшуда аз оилаи ҳаштнафараи суриягиҳо буданд, ки пас аз заминларзаҳои шадид дар вилояти ҷанубии Ғозиёнтеппа ба назди хешовандон ба шаҳри Қуния кӯчида омада буданд, хабар медиҳад агентии нимарасмии «Анадолу».

Иттилоъ дода мешавад, ки ҳалокшудагон ҳарду волид ва панҷ нафар фарзандони онҳо дар синни аз 4 то 13-сола будаанд.

Тавре ки «Анадолу» бо истинод ба як нафар шоҳид хабар додааст, сабаби сӯхтор эҳтимол гармкунаки барқӣ ё плитае гардид, ки шабона фаъол гузошта шуда буд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа»

Февраль 20, 2023 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд