Ҳайати Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Февраль 24, 2023 17:48

ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об» 23 феврал мулоқоти намондагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.

Дар мулоқот сатҳи ҳамкории имрӯза ва дурнамои густариши муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи кишоварзӣ, зарурати таҳия ва татбиқи барномаҳои муштаракаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими имконияти истеҳсолӣ ва содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот доир ба бунёди марказҳои логистикӣ, дастгирии хоҷагиҳои фермерӣ, рушди обёрӣ, табодули таҷрибаи кишоварзон ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 22-24 феврал дар шаҳри Рими Италия Конфронси сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об» доир шуд, ки дар кори он намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 24, 2023 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид