«Алянс Франсез Хуҷанд» ба барқарорсозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Фаронса мусоидат менамояд

Февраль 20, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд Ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» ифтитоҳ гардид, ки ба барқарорсозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Фаронса мусоидат менамояд. Дар ин бора  18 феврал зимни вохӯрӣ бо  намояндагони Сафорати Фаронса дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд  ибрози назар карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо  истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар вохӯрӣ  аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Фаронса изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар партави  сиёсати башардӯстонаи хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануел Макрон ва дар доираи санадҳои дуҷониба  ҳамкорӣ  дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф ва техника байни Тоҷикистон ва Фаронса дар сатҳи барои ҳарду ҷониб мувофиқ  идома дорад.

Тавре таъкид карда шуд,  байни  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Экс-Махсейи шаҳри Марсел шартномаи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ имзо карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» кӯшиш дорад, ки ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдо ва муассисаҳои олии Фаронса низ мусоидат намояд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 20, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад