«Алянс Франсез Хуҷанд» ба барқарорсозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Фаронса мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд Ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» ифтитоҳ гардид, ки ба барқарорсозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Фаронса мусоидат менамояд. Дар ин бора 18 феврал зимни вохӯрӣ бо намояндагони Сафорати Фаронса дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ибрози назар карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар вохӯрӣ аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Фаронса изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати башардӯстонаи хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануел Макрон ва дар доираи санадҳои дуҷониба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф ва техника байни Тоҷикистон ва Фаронса дар сатҳи барои ҳарду ҷониб мувофиқ идома дорад.
Тавре таъкид карда шуд, байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Экс-Махсейи шаҳри Марсел шартномаи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ имзо карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» кӯшиш дорад, ки ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдо ва муассисаҳои олии Фаронса низ мусоидат намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






