Аврупо дар пасманзари зимистони гарм ба хушксолии шадид омодагӣ мебинад

Февраль 27, 2023 14:51

ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Зимистони нарм, бориши рекордии кам ва набудани барф дар Аврупо боиси он шудааст, ки сатҳи об дар дарёҳо, каналҳо ва кӯлҳо дар тамоми қитъа ба таври хатарнок коҳиш ёбад. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки хушксолии шадиди соли гузашта метавонад такрор шавад, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба CNN.

Маҷрои дарёву кӯлҳои хушкшуда одатан бо офтоби сӯзони тобистон алоқаманд аст, на бо зимистон. Гуфта мешавад, ки ҳавои гарм як қисми Аврупо, аз ҷумла марказ ва ҷанубу ғарби Фаронса, шимоли Испания ва шимоли Италияро фаро гирифтааст.

Фаронса хушктарин зимистон дар давоми 60 соли охирро аз сар мегузаронад, ки бинобар он мақомоти ин давлат ба зудӣ барои истеъмоли об маҳдудият ҷорӣ менамоянд.

Аллакай давоми 32 рӯз- аз 21 январ то 21 феврал дар мамлакат бориши зиёд ба амал наомадааст. Ин дарозтарин муддати набудани бориш аст, ки аз соли 1959 ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи иқлимшиноси Mеtеo-France Саймон Миттелбергер, ин ба дарёҳою кӯлҳо, инчунин ба хоки мамлакат таъсири харобиовар мерасонад.

Дараҷаи ҳозираи намнокии хок дар Фаронса одатан дар нимаи моҳи апрел мушоҳида мешуд.

Мувофиқи иттилои бунёди таҳқиқотии CIMA, дар кӯҳҳои Алп низ нисбат ба меъёри муқаррарӣ 63% камтар барф боридааст.

Иқлимшиносон ҳушдор медиҳанд, ки агар дар ду моҳи оянда дар мамлакат миқдори муайяни борон наборад, имсол вазъият метавонад бадтар шавад.

Дар шаҳри Венетсия, ки дар он ҷо обхезӣ маъмулан мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад, ба камшавии ғайриодии об дучор гаштаанд, ки боиси хушк шудани баъзе каналҳо шудааст. Саёҳат бо қаиқҳо (гондолҳо) ва нақлиёти обӣ душвор гардидааст.

Соли 2022 гармтарин сол дар Испания гардидааст, ки он низ дар мавриди таъминот бо об нигаронӣ ба вуҷуд меорад.

Ҳукумат нақшаҳои сармоягузориро барои идоракунии об ба маблағи тақрибан 24 миллиард доллар тасдиқ намуд. Аз соли 1980 инҷониб ҳаҷми обе, ки барои истифода дастрас аст, 12% коҳиш ёфта, зимнан камшавии минбаъдаи он то соли 2050 ба андозаи 40% пешбинӣ шудааст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 27, 2023 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад