Ба ҳар оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ванҷ кумаки моливу ғизоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якҷо бо сардорони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба ноҳияи Ванҷ сафар намуда, барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи оилаҳои зарардидаи деҳаҳои Садвадгу Хаспо, ки бар асари офатҳои табиӣ фарзандони худро аз даст додаанд, рафтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Роҳбарияти вилоят таъзияи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли хонаводаҳои фавтидагон расонида, изҳор доштанд, ки аз даст додани фарзанд дарди сангинест ва онро бо чизе ҷуброн кардан ғайриимкон аст.
Иброз гардид, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин оилаҳоро зери таваҷҷуҳ ва ғамхории бевосита қарор додаанд. Ҳамзамон ба онҳо кумаки молиявии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ба ҳар кадоме 40 ҳазор сомонӣ ва ҳамчунин кумаки яквақтаи ғизоӣ дастрас карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 20 феврал дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон либоси зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, печи аловӣ, кат бо ҷиҳози хоб ва дигар лавозимоти зарурӣ фиристода шуд.
Кумаки мазкур дар маҷмӯъ аз 18 тонна маҳсулоти ғизоӣ иборат мебошад.
Мардуми зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, изҳори сипос менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






