БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ беморхона ва муассисаи таълимӣ бунёд мешаванд

Февраль 3, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар маркази ноҳияи Мастчоҳ беморхона ва муассисаи таълимии сеошёна барои зиёда аз ҳазор хонанда ба нақша гирифта шуда, сохтмони онҳо дар семоҳаи аввали соли равон оғоз мегардад. Дар ин хусус 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иттилоъ дод.

Дар нишаст гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳо дар ҳама самтҳо, аз ҷумла бунёди иншооти гуногуни хизмативу ҷамъиятӣ, рушди энергетика, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон, рушди инфрасохтор ва нақлиёт, рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррас мебошанд.

Соли 2022 корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 318 млн 253 ҳазору 800 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021  43 млн 395 ҳазору 800 сомонӣ зиёд буда, 115,8 фоизро дар бар мегирад.

Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ба 1 миллиарду 417 миллиону 426 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2021 зиёда аз 190 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 115,5 фоизро ташкил додааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Февраль 3, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад