БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳувияти миллию ватандӯстӣ баландтарин арзиш барои миллати тоҷик аст

Февраль 9, 2023 08:54

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чун ҳамеша, фарогири рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад. Таъкидҳо ва роҳнамоиҳои Президенти мамлакат, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданашон ба тарбияи ватандӯстонаи мардуми тоҷик моро муваззаф месозад, ки дар ин радиф иқдом ва ташаббусҳои тозаро пеш гирем. Хусусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 метавонад дар ин ҷода роҳнамои мо бошад. Чунин изҳори андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО дар мавриди мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод мешаванд.

— Ватандӯстӣ чист ва соҳибватан кист? Дар назари аввал посух ба ин суол хеле одист. Ватан он сарзаминест, ки мо дар он зиндагӣ мекунем ва соҳибватан нафаре мебошад, ки сокин ва соҳиби ин сарзамин аст. Аммо мафҳуми Ватан, агар назаре фарохтар биандозем, хеле васеътару амиқтар аст. Хусусан дар замони имрӯз, ки низову муборизаву бархӯрдҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле афзудааст, ба мафҳумҳои ватану ватандӯстӣ тобишҳои зиёди тоза додан амали муҳиму саривақтӣ мебошад. Ва инро ҳам илова бояд кард, ки мафҳуми Ватан барои миллати тоҷик, ки ҳазоронсолаҳо ҳам соҳибватан буду ҳам на ҳамеша ватан дар ихтиёраш буд, имрӯз маъниву қимату арзиши хосса пайдо кардааст.

Хуллас, ватан чист? Барои мо, тоҷикон Ватан мафҳумест хеле муқаддас ва баландарзиш. Ватани имрӯзаи мо Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли мо аст, сарзамине, ки ҳазорсолаҳо боз тоҷикон дар он маскун мебошанд. Ва ин сарзамин сарзамини одӣ нест, он таърихи бузургу дурахшон ва ибратомӯзи худашро дорад. Миллати ин сарзамин аз даҳшати тӯфонҳои пуршигифту бераҳми замонаҳо ва харобкориҳои таърих мардона гузаштаву ҷон ба саломат бурдааст.

Бузургию муқаддас будани Ватанро барои мо, пеш аз ҳама, арзиш ва нақши дар таърих гузоштаи он муайян мекунад, яъне ин ватан чӣ қимате дар гузаштаву чӣ симое дар таърих доштааст, аз куҷо то куҷоҳо чӣ роҳеро тай кардаву ба куҷоҳо расидааст. Ин ватан он амонати миллиест, ки мероси мо аз гузаштагон аст ва мо ҳифзкунандаву рушдбахшанда ва поянда нигоҳдорандагони ин амонат ҳастем. Мо миллате ҳастем, ки роҳаш дар ҷодаҳои таърих хусусан дар самти ватандӯстию ватанпарастӣ хеле тӯлониву ибратбахш ва омӯхтанӣ аст.

Ватани мо сарзамини миллатест, ки яке аз қадимитарин халқҳои олам аст. Ватане, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо тамаддуни бузург, суннатҳои воло, илму адаби гаронбаҳои худро ба имрӯзиён армуғон овардааст. Яъне ин Ватан аз назари маънавӣ, дар мадди аввал, сарчашмаи маърифату ифтихори бузурги халқест, ки дар он зиндагонӣ мекунад.

Қимати ин Ватан дар он аст, ки сарзамин ва ё қаламравест, ки бо ҳама боигариҳо, захираҳо, зебоиҳо, имконияти табиие, ки дорад, манбаву сарчашмаи ҳастӣ ва рӯзгори халқи мост. Хоки серғизову ҳавои поку ҷонбахшои он, марзҳои ҳосилхезу обҳои ҳаётбахш, кӯҳҳои пурганҷи осмонбӯс ва табиати биҳиштосову беназираш дар ҷаҳон амсол надоранд.

Дигар ин ки Тоҷикистон Ватани асил, Ватани аҷдодии мост. Мо мардуми омада нестем, ҳазоронсолаҳо гузаштагони мо ҳама пешомадҳои таърих ва мушкилоти табиату зиндагиро маҳз дар ҳамин сарзамини бумии худ аз сар гузаронидаанд, дар ин ҷо миллати мо соҳиби таърих, забону маърифату суннатҳои волои худ гардидааст. Ва ин ватан- Тоҷикистон ватани воқеии мост.


Дар мавриди масъулияти ватанпарастӣ, ҷасорату ҷоннисорӣ барои марзу буми Ватан беҳтарин дастури ҳама замонҳо ҳамон “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ аст. Ҳаким Фирдавсӣ намунаҳои барҷастаи ҷоннисориву ватанпарастиро дар ин асари безаволи худ овардааст, ки ҳамеша намунаи ибрат ва раҳнамои мо хоҳанд монд.

Масъулияти соҳибватанӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан имрӯз барои Тоҷикистони азизи мо, ки Истиқлоли давлатии он ҳанӯз нав қомат меафрозаду каме бештар аз сӣ сол дорад, вобаста ба замону вазъи ҷаҳон хеле бештару ҳассостар гардидааст.

Яъне имрӯз танҳо миллате пойдор хоҳад монд, ки тавонад аз худ ҳимоят кунад ва дар ин ҷаҳони мураккаби набардҳои нобаробар худро аз хатарҳои нестӣ, аз таҷовузҳои номардона ҳифз карда тавонад. Яъне дар мадди аввал ваҳдати миллӣ ва масъулияти соҳибватанӣ, ҷасорат ва ягонагии ҳамаи халқ сипари асосии ҳифзи Ватан аст.

Дуввум, бидуни шубҳа, Қувваҳои мусаллаҳ, Артиши миллӣ ё худ неруҳои ҳарбии сарзамини мост, ки бар бунёди далерию шуҷоатмандии халқи мо асос ёфтааст. Ойинҳои ҷавонмардии халқи мо, ки дар тӯли таърихи гарон ташаккул ёфтаву дастури ҷавонмардии халқҳои дигар ҳам гардидааст (бо номи ритсарство), маҳз дар ҳамин рӯзҳо дар қатори суннатҳои волои дигари халқамон бояд эҳёи тоза ёфтаву нақши бузурги худро дар бунёду пойдории Тоҷикистони навин, Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод бигузоранд.

Сеюм ва шояд аз ҳама ҳассос- эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дарки ҳувияти миллӣ, ифтихори миллии ҳар нафар сокини ин мамлакат ва дар маҷмӯъ миллат аст, ки пояи асосии садоқату ҷоннисории ватандӯстонаи халқи мо метавонад бошад.

Миллати мо — миллати некманиш, хайрхоҳ, башардӯст ва сулҳпарвари ҷаҳон аст. Аммо ин чунин маъно надорад, ки нисбат ба марзу бумаш бетафриқа бошад. Баръакс, таърих ҷавонмардиву ватандӯстиҳои беназири миллати моро дар ёд дорад. Ҳатто дар таърихи асотирӣ аз замонҳои қадимтарин ин корнамоиҳо дар ҳофизаи таърихии миллати мо боқӣ мондаанд. Баъдан, таърих аз ватанпарастии тоҷикон далелҳои дурахшони зиёде дорад. Корнамоиҳои Спитамену Деваштич, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Шераку ахиран Восеъ ҳама дар ҳифзи бару буми Ватан будаанд. Фаротар аз он, дар ин сарзамин ҳатто занон қаҳрамононаву ватандӯстона ва мардонавор ба ҳимояи Ватан бархоставу барои Ватан ҷон нисор кардаанд. Қиссаҳои матонату ҷасорати занону духтарони тоҷик то имрӯз вирди забонҳо аст.


Соҳибватанӣ мафҳуми басе васеътар аст. Ҳимояи Ватан- ин қарзи шаҳрвандӣ аст ва он аз ҳар як соҳибватан масъулияти зиёди ватандӯстиро талаб мекунад.

Баъзеи мо имрӯз ватанпарастиро ба маънои ифтихор доштан аз ватану арҷ гузоштан ба он мефаҳмем, аммо ин хеле кам аст. Аслан ифтихори милливу соҳибватанӣ танҳо мавзӯи сухану шиор нест, балки мавзӯи амал аст. Соҳибватан касест, ки дар куҷое набошад, дар ҷойгоҳи худ, дар коргоҳи худ, дар манзили зисти худ, дар ҳар канори ин Ватан коре барои пойдориву ободии Ватан, нумӯву пешрафт, тозагиву равнақу ривоҷи он бояд бикунад.

Риояи одобу маърифат, қонуну қонунгузорӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумат ва фароҳам овардани фазои неку мусоиди муносибатҳои инсонӣ дар Ватан низ соҳибватанӣ аст. Гирифтани дасти пире, навозиши сари ятиме, кумак ба ҷабрдидае, гузоштани саҳми худ барои ҳалли мушкилоти ҷомеа ва миллат низ асли соҳибватанӣ аст. Обод кардани як гӯшаи нообод, сарсабзу боғу гулзор кардани як гушаи Ватан ҳам соҳибватанӣ аст. Соҳибватанӣ роҳ надодан ба хурофоту ҷаҳолату разолат дар Ватан, таълиму тарбияи насли нав, роҳнамоиҳо ба суйи созандагиву банёдкорӣ, гузоштани саҳми хоссаи худ дар рушд ва пешрафту ободии Тоҷикистон аст!

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд,ки ҳар шахс бояд Ватанро бо сухан не, бо қалбаш дӯст дорад.Зеро Ватани мо дар ҳақиқат сарзамини дӯстдоштанӣ ва мояи ифтихору сарафрозии ҳар тоҷику Тоҷикистонӣ аст. Агар бо ҳама ифтихори миллие, ки дорем, барои мисол дасти як пир ва ё афтодаеро дар сари роҳамон нагирему бетараф бошем, ватандӯстии мо содиқона нест!

Бунёдкориву созандагӣ ва шукуфоиву сарсабзиҳои сарзамини мо дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гувоҳи дурахшони соҳибватаниву ватандӯстии халқи мо аст. Эҳёи ҳунару суннатҳо, маросиму ойинҳои беназиру башардӯстонаи миллати мо, ки симои маърифативу фарҳангии моро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ зебову дурахшон падид овардаанд, низ самараи ватандӯстӣ аст. Гувоҳи ватандӯстӣ- рӯ овардани наврасону ҷавонони мо дар саросари мамлакат ба муқаддасоти милливу арзишҳои миллӣ, ба асолати маънавии миллии мост, ки дар иштироки фаъолона дар озмунҳое, чун “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, “Тоҷикистон -Ватани азизи ман”, ва “Илм- фурӯғи маърифат” падид омадааст.

Муҳим ин аст, ки имрӯз дар ин вазъияти носолими ҷаҳони имрӯза дар Тоҷикистони азизу осоиштаи мо пиру барно рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дорад. Албатта ин ҳосили сиёсати башардӯстона ва ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллати мо аст, ки худашон намунаи баланди як ватандӯсту соҳибватани асил мебошанд. Сипас ин тақозои замон ва тақозои таърих аст барои ҳастиву наҷоти миллати хайрхоҳу некманиши мо, ки рисолати бузурги таърихии созандагӣ дорад ва барандаи фарҳангу маърифати шоиставу бузург аст.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

 

Февраль 9, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»