БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки сарбозон маҳфили адабӣ доир карда шуд
ХОРУҒ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба номи Шерон Мамадшоев дар ҳудуди қисми марзбонии шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, сарбозону афсарони ин қисми низомӣ дар ҳар маҳфили хонандагон иштирок менамоянд. Онҳо дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии кӯдакону наврасон ва таъмини таълимгоҳ бо баъзе аз ашёи таълимӣ низ кумак менамоянд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Муовини директори ин муассисаи таълимӣ зимни баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки «имрӯз ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзамин – ҷавҳари асосӣ ва орзую омоли мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Мояи сарфарозии тамоми мардум мебошад, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мамлакати мо бо меҳнату заҳматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои Артиши пурқудрате гардид, ки қодир аст марзу буми ҷумҳурӣ ва осоиштагию истиқлоли онро пурра ҳифз намояд. Маҳз меҳнату талош ва бедорхобиҳои сарбозону афсарони Артиши миллӣ мебошад, ки оромӣ, субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми ҷумҳурӣ таъмин аст. Муассисаи мо дар ҳудуди қисми низомӣ мавқеъ дорад ва мо ҳамарӯза шоҳиди заҳмату талош ва бедорхобиҳои сарбозону афсарон ба хотири ҳимояи марзу буми ҷумҳурӣ мегардем».
Таъкид гардид, ки ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат яке музаффарияти муҳими таҳкими давлатдории навини тоҷикон аст.
“Мо ҳамеша дастгирию кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллатро зимни хизмати ҳаррӯзаи худ ҳис мекунем. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз 30 сол қабл бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодию молиявӣ ба бунёд ва таҷдиди қисмҳои низомӣ эътибори ҷиддӣ дода, ба таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ кард. Маҳз ҳамин талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз мо бо хотири ҷамъ ва дили пур марзу буми мамлакатро шабу рӯз ҳимоя мекунем. Боварии комил дорем, ки шумо, насли наврас фардо дар хати сарҳад моро иваз мекунед ва кору пайкорамонро идома медиҳед”,-гуфтанд сарбозон.
Пас аз маҳфили тантанавӣ байни хонандагон мусобиқа аз намуди ҷудо ва пайваст намудани силоҳи худкори Калашников ва бозии шоҳмоту шашка баргузор гардид. Маъмурияти муассисаи таълимӣ ва сарбозон ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад






