БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов барои сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ чорабинии идона баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 1000 нафар сарбозону афсарон чорабинии идона баргузор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».





Дар чорабинии мазкур Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода, волидони сарбозон ва дигар шахсони маъул иштирок ва суханронӣ намуда, сарбозону афсаронро ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шодбош гуфтанд.


Сарбозону афсарон бахшида ба солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо медалҳои «Ҷасорат», «Марзбони шуҷои Ватан», дигар медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.


Ҳамзамон соҳибкор Маҳмудҷон Муродов аз ҷониби раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ бо медали хотиравии «30-солагии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ» сарфароз гардид.


Дар идома аз ҷониби ансамбли «Марзбон»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.
Рустам ҶАМИЛЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»











Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






