Бар асари сӯхтор дар шарқи Ҳиндустон 14 нафар ҳалок шуданд

Февраль 2, 2023 10:54

 ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми сешанбе бар асари сӯхтор дар як бинои баландошёна дар штати Ҷаркханд дар шарқи Ҳиндустон қариб 14 нафар, аз ҷумла 10 зан ва се кӯдак ҳалок шуданд, тавассути телефон тасдиқ кард пулиси маҳаллӣ. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.

Ба гуфтаи корманди пулис, вақте сӯхтор сар зад, дар яке аз биноҳои ноҳияи Дханбод тӯй баргузор мешуд.

“Қариб даҳ нафар зарардида дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ карда шуданд. Барои муайян кардани он ки дар зери харобаҳо одамон вуҷуд доранд ё не, амалиёти ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд. Корҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва наҷотдиҳӣ ба анҷом расиданд», — афзуд ӯ.

Ин дуюмин ҳодисаи сӯхтор дар ҳамин минтақа дар чаҳор рӯзи охир аст. Рӯзи шанбе бар асари сӯхтор дар клиникаи хусусӣ панҷ нафар ба ҳалокат расида буданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 2, 2023 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Арабистони Саудӣ ёддошти шарикӣ бо Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ кард
СУТ 9 ҳолати сироятёбӣ аз табларзаи Марбургро дар Гвинеяи Экваториалӣ тасдиқ кард
Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст