Бар асари тирпарронӣ дар Донишгоҳи Мичигани Амрико се нафар кушта шуданд

Февраль 14, 2023 18:47

ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тирпарронӣ дар Донишгоҳи Мичигани Амрико се нафар кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «NBC News» бо истинод ба полиси шаҳраки донишҷӯён гузориш дод.

Қаблан дар бораи кушта шудани як нафар хабар расида буд.

Муайян карда шуд, ки дар шаҳраки донишҷӯён ду ҳодисаи тирпарронӣ — яке дар бинои таълимии Берки Холл ва дигаре дар бинои иттифоқи касабаи донишҷӯён рух додааст.

Тибқи фарзияи муфаттишон, тирандоз танҳо амал кардааст.

Полиси шаҳраки донишҷӯён аксҳои гумонбарро нашр кард, ки ӯ марди кӯтоҳқадӣ сиёҳпӯст бо пойафзоли сурх ва либоси ҷинс буд.

Пас аз тақрибан як соати амалиёти ҷустуҷӯӣ гумонбарро мурда дарёфт карданд. Полис тахмин кард, ки ӯ худкушӣ намудааст.

АКС аз манъбаҳои боз

Февраль 14, 2023 18:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад