Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъул беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима баста шуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1 млн 212 ҳазору 632 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Чунин иброз дошт Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Санъат Раҳим тазаккур дод, ки риояи Қонун «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» дар корхонаҳо аз ҷониби масъулин бояд ба таври қатъӣ риоя карда шавад, зеро аз ҷарима дида, риояи қонун афзалияти бештар дорад.
«Ҳадди ниҳоии ҷазои риоя накардани қонун 134 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин ҳол риоя кардани қонун ба фоидаи худи корхона аст, зеро ҷарима дар ҳолати риоя накардани қонун пешниҳод карда мешавад ва ин ба вазъи молиявии корхона зарари ҷиддӣ аст», — гуфт мавсуф.
Ҳамзамон ӯ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ дар корхонаҳои саноатӣ мутахассисони Хадамот 1252 банди риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд. Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 130 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.
Инчунин дар нишаст тазаккур дода шуд, ки соли 2022 аз тарафи нозироти Хадамот 40 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба иттилои мавсуф, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар корхонаҳои зериназоратии хадамот соли 2022 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2021 1 адад зиёд мебошад. Дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтиши техникӣ гузаронида шудааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






