Беҳтарин варзишгар, мураббӣ ва шаҳри варзишии Тоҷикистон дар соли 2022 муайян ва қадрдонӣ карда шуданд

Февраль 13, 2023 19:05

ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар фазои тантанавӣ 35 нафар мураббиёну варзишгарони комёбу муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2022 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил шудаанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 6250 то 50 000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон «Варзишгари беҳтарин», «Мураббии беҳтарин» ва «Шаҳри варзишӣ»-и беҳтарин дар соли 2022 муайян карда шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ дар соли 2022 ва мураббиёни онҳо ба тариқи зайл мукофтонида шуданд:

Темур Раҳимов – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ — 10 000 сомонӣ;

Шодмон Ризоев — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 10 000 сомонӣ;

Асламҷон Азизов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 10 000 сомонӣ;

Баҳодур Усмонов — сазовориҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 5 000 сомонӣ;

Моҳру Ҳалимова — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба Таэкван-до ВТ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 5 000 сомонӣ;

Сомон Маҳмадбеков – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 5 000 сомонӣ;

Муҳаммад Аброридинов — сазовори ҷойи сеюм дар ЧемпионатиОсиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 5 000 сомонӣ;

Мустафо Ахмедов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;

Эмомалӣ Нуралӣ — сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 10 000 сомонӣ;

Давлат Болтаев — сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 3 750 сомонӣ;

Акбаралӣ Абдураҳмонзода — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;

Шаҳбоз Ҳаитов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;

Сумайя Қосимова — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё     оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва аз ин ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;

Некрӯз Салимов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;

Муҳаммад Аброридинов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;

Абдумалик Болтаев — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва аз ин ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;

Хусравхон Рахимов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 1 250 сомонӣ;

Муҳаммадамин Абдуллоев — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;

Алиризо Баҳромов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;

Анушервон Фазилов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;

Исоджон Нурахмадов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гуштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббӣ 2 500 сомонӣ;

Сунат Абдуллоев — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гуштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббӣ 2 500 сомонӣ;

Расул Аҳадов — сазовориҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1250 сомонӣ;

Малика Нозимова — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Нурланбек Эрматов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Ҳусния Холова — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Фируз Мирзораҷабов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Рустамҷон Ашӯров — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Ҳангома Исоева — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Руслан Ғафуров — сазовориҷойи сеюм дар ЧемпионатиОсиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Акмалҷон Абдувалиев — сазовориҷойи сеюм дар ЧемпионатиОсиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Юсуф Фозилов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Ҳусейн Ҳасанов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гӯштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Муҳаммад Абдуҳакимзода — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гӯштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;

Нурулло Муродов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба Таэквон-до ВТФ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ.

Ҳамзамон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгарнавраси умедбахш» дар соли 2022 эълон намуд, ки беҳтаринҳо муайян гардида, дар маросими ҷамъбастии чорабинии имрӯза қадрдонӣ карда шуданд.

Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди олимпии варзиш дар соли 2022 дорандаи медали тиллои “Baku Grand Slam 2022” ва ғолиби ҷойи дуюми мусобиқаи байналмилалии ниҳоии “Master-2022”оид ба гӯштини ҷудо Темур Раҳимов гардид.

Дорандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ беҳтарин варзишгар байни ҷавонон аз рӯи намуди олимпии варзиш дар соли 2022 эътироф карда шуд.

Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди ғайриолимпии варзиш дар соли 2022 Чемпиони ҷаҳон оид ба бокси касбӣ Шавкат Раҳимов дониста шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бодибилдинг Ясмина Ан-Нимр беҳтарин варзишгар байни бонувон дар соли 2022 гардид.

Ҷоизаи беҳтарин дастаи варзишӣ дар соли 2022 ба тими миллии футболи Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ғолибони дигари озмунҳо инҳо гардиданд:

Мураббии беҳтарин байни калонсолон дар соли 2022 — мураббии гӯштини ҷудо Суҳроб Абдураҳмонов;

Мураббии беҳтарин байни ҷавонон дар соли 2022 — мураббии гӯштини ҷудо Фаррух Собиров;

Беҳтарин Федератсияи варзишӣ аз намуди олимпӣ дар соли 2022 – Федератсияи ҷудои Тоҷикистон;

Беҳтарин Федератсияи варзишӣ аз намуди ғайриолимпӣ дар соли 2022 – Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон»;

Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2022 – шаҳри Душанбе;

Беҳтарин иншооти варзишӣ дар соли 2022 — Маркази варзиши академияи футболи клуби итолиёвии «Ювентус»

Беҳтарин мактаби варзишӣ дар соли 2022 — Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе;

Номинаи «Варзишгарнавраси умедбахш дар соли 2022»:

Сомон Турсунзода — аз рӯи намуди гӯштини ҷудо;

Сомон Амонов– аз рӯи намудҳои теннис ва бадминтон;

Эмомҳусайн Умаров — дорандаи шаҳодатномаи ҷаҳонии рекорд бо қувваи дастсанҷӣ (отжиманий) (зиёда аз 5200 маротиба);

Жасмина Нурматова – оид ба намудҳои гимнастика;

София Турсунзода — оид ба намудҳои гимнастика;

Елизалвета Стрелникова — оид ба намудҳои гимнастика;

Номинаи «Беҳтарин муассисаи тарғибгари соҳаи варзиш дар соли 2022»:

Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш HD»

Номинатсияи “Беҳтарин шореҳи варзишӣ дар соли 2022”

Раҳматшо Обидов – рӯзноманигори Муассисаи давлатии телевизиони “Тоҷикистон”

Алӣ Шариф – рӯзноманигори Муассисаи давлатии  телевизиони “Варзиш”

Муродалӣ Тешаев  – рӯзноманигори Муассисаи давлатии  телевизиони “Варзиш”

Номинаи “Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2022”

Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳоиолимпии №5 оид ба намудҳоибозиҳои варзишӣ”-и шаҳри Душанбе

Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳияи Роштқалъа

Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и №1 ноҳияи Ашт

Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣоид ба намуди волейбол”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳияиДанғара

Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳияи Панҷ

Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и шаҳри Ваҳдат

Ҳамчунин ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар соли 2022 дар рушди соҳа саҳми созгор гузоштанд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, хабарнигорони АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф ва Меҳрони Қурбон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2023 19:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷонибдорӣ намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар раддабандии якуми ФИФА зинаи 34-ро ишғол намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -90 кг медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Темур Раҳимов бо Тедди Ринер барои медали тилло мубориза мебарад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2024». Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 1 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг ба финал баромад