Бинои муосир ба баланд бардоштани сифати таълим дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намуд

Февраль 9, 2023 08:23

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои муҳими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 — ин ба истифода додани бинои нави таълимии замонавӣ барои се ҳазор ҷойи нишаст дар як баст мебошад. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки бинои нави таълимии 5-ошёна, ки сохтмонаш соли 2019 оғоз ёфта буд, 9281 метри мураббаъ масоҳат дошта, аз 66 синфхонаи замонавӣ, аз қабили озмоишгоҳи таълимии гумрукӣ, бонки таълимӣ, озмоишгоҳи таълимии иқтисоди рақамӣ, шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, инчунин 25 утоқи корӣ, чор толор- конфронсӣ, лексионӣ ва Шӯрои дисертатсионӣ, 5 утоқи ёрирасон ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ нақши муассир мегузорад.

Ректор иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли 2022 дар Рейтинги муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, мақоми 4 ва тибқи Рейтинги Webometrics Ronking of Word Universitites- шаҳри Мадриди Испания дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюм ва дар байни 30 ҳазор донишгоҳҳои ҷаҳон ҷойи 13862 –ро нигоҳ дошт.

Бо дахли раванди таълим дар донишгоҳ гуфта шуд, ки бо мақсади ташкили раванди таълим ва таъмини методии ҷараёни таълим дар соли таҳсили 2022-2023 барои 43 ихтисоси бакалаври шакли таҳсили рӯзона, 20 ихтисоси бакалаври таҳсилоти фосилавӣ, 8 ихтисоси бакалаври таҳсилоти олии дуюм ва 13 ихтисоси магистратура нақшаи нави таълим ва барномаҳои нави таҳсилии ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, мавриди истифода қарор доранд.

Ҳамзамон номбурда доир ба корҳои илмию тадқиқотии устодони донишгоҳ гуфт, ки «аз оғози соли гузашта дар назди донишгоҳ Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 бо ҳуқуқи ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ дар се ихтисос ба фаъолият оғоз намуд. Дар соли ҳисоботӣ дар радифи дигар муҳаққиқон 4 нафар унвонҷӯи донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро муваффақона ҳимоя намуданд. Дар маҷмӯъ, соли гузашта 10 нафар унвонҷӯи донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, иқтидори илмии донишгоҳро тақвият бахшиданд».

Инчунин гуфта шуд, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», «Беҳтарин донандаи Конститутсия» фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардида, дар баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ бо донишҳои хеш саҳми назаррас гузоштанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2023 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толору озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ба истифода дода шуд
«APНO 2023» ВА «EUPHO 2023». Дар Душанбе даври дуюми интихобӣ-ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Наврӯз дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барномаҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СММ ОИД БА ОБ. Вобаста ба он «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ» нашр шуд
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Пагоҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба истироҳат мебароянд
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд созишнома ба имзо расид
НАВРӮЗ-САРҶАМЪКУНАНДАИ МИЛЛАТҲО. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин ҷашни фаррухпай бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об машварати илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Маркази илмии глятсиология ифтитоҳ гардид
«РАДИОЭЛЕКТРОНИКА, ЭЛЕКТРОТЕХНИКА ВА ЭНЕРГЕТИКА». Дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир гардид
«МАҲОРАТИ НУТҚ». Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон соҳиби роҳхати таҳсил дар Ҷопон шуданд