30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар ноҳияи Шуғнон озмуни «Ватанпарвар» доир карда шуд

Февраль 13, 2023 18:29

ХОРУҒ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ба номи Мастибек Тошмуҳаммадови ноҳияи Шуғнон озмуни «Ватанпарвар» доир карда шуд. Ин озмун бо ибтикори Бошгоҳи техникию варзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ шуда, дар он хонандагони муассисаи таълимии рақами 12-и ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур низ иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Муовини сардори Бошгоҳи техникию варзишии вилоят Алимамад Мирзоқандов зимни ифтитоҳи озмун изҳор дошт, ки ҳамасола озмуни «Ватанпарвар» дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии мамлакат баргузор мегардад. Имсол ин озмун ба 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

«Ҳадафи озмуни «Ватанпарвар»- ин аз хурдсолӣ дар ниҳоди кӯдакону наврасон тарбия намудани эҳсоси ватандӯстию соҳибватанӣ, хештаншиносию ифтихори миллӣ мебошад. Ҳадафи дигари ин озмун- ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани наврасону ҷавонон мебошад. Давоми 30 сол Бошгоҳи техникию варзишӣ аз ҳисоби наврасону ҷавонон садҳо мутахассисони соҳаи низомиро омода ва ба сафи Артиши миллӣ гусел кард. Маҳз чунин тадбирҳои муассиру муфид имконият фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир ҳам дар даъвати баҳорию ҳам тирамоҳӣ ҷавонони вилоят ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят довталабона ҳозир шуда, ба хизмати Модар-Ватан раҳсипор гарданд»,-гуфт Алимамад Мирзоқандов.

Баъди шарҳу тавзеҳи шартҳои озмун иштирокчиён ба чанд даста ҷудо шуда, байни ҳам аз намудҳои ҷудо ва пайваст кардани силоҳи худкори Калашников, тирандозӣ ва ба рӯ кашидани ниқоби газӣ рақобат намуданд.

Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардида, ба озмуни вилоятӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2023 18:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд