ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Варзишгарони тоҷик дар намуди эстафетаи 4х400 метр сазовори медали биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида дар намуди эстафетаи 4х400 метр сазовори медали биринҷӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Мусобиқаи мазкур 10-12 феврал дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо иштироки беш аз 500 варзишгар аз 31 давлати қора баргузор шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чемпионат 7 нафар — Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода, Мирсаид Мирзозода намояндагӣ карданд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, ҳафтҳарба ва эстафетаи 4х400м рақобат карда, танҳо дар эстафета ҷои сеюмро гирифтанд. Ба дастаи Тоҷикистон Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ва Мирсаид Мирзозода шомил буданд.
Дар масофаи 60м Фаворис Музрапов дар даври интихобӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 6.81 сония сеюм шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт. Фаворис бо ин натиҷа рекорди Тоҷикистонро дигар кард. Вале ӯ дар нимфинал натиҷаи 6.85-ро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Илдар Аҳмадиев бо сабаби лат бардоштан натавонист сабқат кунад.
Дар масофаи 400м низ бародарон Леонид ва Александ Пронженко то нимфинал рафтанд. Леонид инчунин дар ҳафтҳарба ва Муҳаммадризо Мирзозода дар дав ба масофаи 800м сабқат карданд.
Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида мебошад.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






