COVID-19. Дар Олмон низоми оммавии ниқобпӯшӣ дар автобус ва қатораҳо бекор карда мешавад

Февраль 3, 2023 14:52

ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 2 феврал дар саросари Олмон низоми оммавии ниқобпӯшӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва қатораҳо бекор карда мешавад. Пас аз се соли пандемияи коронавирус пӯшидани ҳатмии ниқоб дар қатораҳои ба масофаи дур ҳаракаткунанда бекор карда мешавад ва ҳамзамон бо он фармони дахлдор дар нуҳ замини федералӣ дигар эътибор надорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Deutsche Welle.

Ширкатҳои нақлиётӣ вақтҳои охир фаъолона кӯшиш доштанд, ки низоми пӯшидани ниқоб дар нақлиёти ҷамъиятӣ бекор карда шавад ва таъкид мекарданд, ки дар пасманзари вазъи кунунии пандемия ин чора кайҳост, ки дигар зарурат надорад.

Ширкати роҳи оҳани Deutsche Bahn чанд ҳафта пеш аз ҳукумати Олмон даъват кард, ки низоми пӯшидани ниқоб дар қатораҳо ба масофаи дурро ҳарчи зудтар бекор кунад, то ба бесарусомонӣ дар иҷрои қоидаҳо дар заминҳои гуногуни федералӣ ва танзимгарони гуногуни нақлиёт роҳ дода нашавад. Ва ниҳоят ҳукумат тасмим гирифт, ки низоми оммавии ниқоб аз 2 феврал бекор карда шавад. Қаблан бекор кардани он танҳо дар аввали моҳи апрел пешбинӣ шуда буд.

Вазири тандурустии Олмон Карл Лаутербах ба мардум тавсия дод, ки пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро ихтиёран идома диҳанд. Низоми пӯшидани ниқоб дар нақлиёти ҷамъиятии Олмон дар пасманзари пандемия дар аввали соли 2020 тадриҷан ҷорӣ карда шуд. Дар аввал рӯймолу гарданбанд барои мусофирон басанда буд, зеро ниқоб намерасид.

Низоми оммавии ниқоб барои боздидкунандагони беморхонаҳо, хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, амалияи тиббӣ то 7 апрел нигоҳ дошта мешавад — онҳо чун пештара вазифадоранд, ки респиратори FFP2 пӯшанд. Барои дастрасӣ ба клиникаҳо ва хонаҳои пиронсолон санҷиши манфии коронавирус низ зарур аст.

АКС: dpa

Февраль 3, 2023 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст