Дар Анталия жола ба андозаи тӯби голф борид

Февраль 1, 2023 09:25

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби сешанбе дар музофоти сайёҳии Анталия дар ҷануби Туркия жола ҳамроҳ бо барф борид, ки дар натиҷа фаъолияти сокинони маҳаллӣ ба муддати кӯтоҳ боз монд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

Тавре сомонаи иттилоотии Mynet хабар додааст, ҳавои номусоид одамонро дар шаҳрҳои Манавгат ва Серик дар ғафлат гузошт. Дӯстдорони мошинҳоро зарур омад, ки дар таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ ё зери соябонҳои насосҳои газ паноҳ баранд, зеро жола ба андозаи тӯби голф афтод. Дар баробари жола дар шаҳрҳо барфи шадид борид, ки дар натиҷа дар роҳҳо танбаҳо ба амал омаданд.

Ҳафтаи гузашта якчанд шаҳрҳои Анталия аз бориши шадид хисорот диданд, зеро дар баъзе минтақаҳо аз кӯҳҳо селобаҳо фаромаданд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 1, 2023 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Арабистони Саудӣ ёддошти шарикӣ бо Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ кард
СУТ 9 ҳолати сироятёбӣ аз табларзаи Марбургро дар Гвинеяи Экваториалӣ тасдиқ кард
Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст