Дар Бадахшон корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани ҷашнҳои миллӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри омодагии сатҳи баланд ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», инчунин ҷашнҳои 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Ба иттилои муовини Раиси вилоят Нилуфар Асламшоева, дар ин раванд омодагиҳо ҷараён дошта, нақшаи чорабиниҳо ба шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид. Комиссияи тадорукоти назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсони масъули шаҳру ноҳияҳо имсол кӯшишро ба он равона менамоянд, ки аз тамоми имконият истифода намуда, нисбат ба солҳои гузашта дар ҳамаи даврҳо натиҷаҳои беҳтар ба даст оранд.
Дар машварати кории раиси вилоят ҳамзамон барои таъмини сокинон ба ҷойи кор андешидани тадбирҳо зарур шуморида шуда, ҷиҳати муайянсозии шумораи бекорон, бахусус дар шаҳри Хоруғ гузаронидани санҷишҳо талаб карда шуд. Дар айни ҳол ҷойи кор чӣ дар вилоят ва чӣ берун аз он дар сохтмонҳо ва дигар бахшҳо мавҷуд аст, танҳо зарур аст муайян карда шавад, ки чӣ қадар бекории воқеӣ дар вилоят аст ва онҳоро дар кадом самт ба кор ҷалб намудан мумкин аст. НБО-и «Роғун», ширкати «Талко» ва НБО-и «Себзор» аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки ба коргарони гуногунихтисос эҳтиёҷ доранд.
Дар робита ба ин аз масъулин омода кардани рӯйхати сокинони бекор, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо доир ба сохтмонҳои ноҳияи Роштқалъа, тезондани сохтмони бинои муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияҳои вилоят, омодагиҳо ба ҷашнҳои 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз вазифадор карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Зиёда аз 5 ҳазор нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд






