Дар Бадахшон масъалаи таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он масъалаи ҳамкорӣ оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи мамлакат хабар доданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти давлатии дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муарифӣ карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани ҷаласаи кории зикргардида таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Дар ҷаласа роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони мақомоти суд, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва ҳуқуқшиносони давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок доштанд.
Тазаккур дода шуд, ки расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеаро амалӣ менамояд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






