Дар байни мантия ва ядрои Замин «барф»-и силитсийдор пайдо гардидааст

Февраль 26, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 26.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Геологҳо маълум кардаанд, ки ҳолати ғайримуқаррарии сейсмикии ба наздикӣ дар сарҳади байни мантия ва ядрои Замин ошкоршударо бо он метавон шарҳ дод, ки дар ин минтақа доим «барфҳои» ба худ хоси силитсийдор меборанд, ки сарҳади байни ин кабатҳои литосфераро кристаллҳои сахт аз омезиши оҳан ва силитсий бо қабати тунук фаро мегиранд. Кори илмӣ дар маҷаллаи «Nature» нашр шудааст. Дар бораи натиҷаҳои он маркази матбуоти донишгоҳи иёлати Аризона (ASU) хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Агар дар қабатҳои берунии ядрои Замин ба қадри кифоя гидроген ва силитсий  мавҷуд бошанд, дар дохили он заррачаҳои ба худ хоси силитсийи «барф»   пайдо шуда метавонанд. Ҳисобҳои мо нишон медиҳанд, ки ин «барф»-ҳои экзотикии силитий дар байни ядро ​​ва мантия мерезанд ва инчунин нишон медиҳанд, ки онҳо метавонанд дар сардшавии дохили Замин дар чуқуриҳои калон нақши муҳим бозанд»,- шарҳ дод корманди илмии ASU Фу Суюй, ки суханони ӯро маркази  матбуоти донишгоҳ иқтибос  овардааст.

Қаъри Замин аз якчанд қабатҳо иборат аст — қишри сахти замин, мантияи ниммоеъ ва ядрои гудохташудаи берунӣ ва сахти дарунӣ. Солҳои охир диққати геологҳоро он ҷалб мекунад, ки сарҳади байни ядро ​​ва мантия чӣ тавр ба роҳ монда шудааст, дар ин минтақаи литосфера чӣ гуна равандҳо ба амал меоянд. Шавқу ҳаваси олимон ба ин қисми дохилии Замин аз он вобаста аст, ки солҳои охир миқдори зиёди ҳолатҳои ғайримуқаррарии сейсмикӣ кашф шудаанд.

Тадқиқотчиён маълум карданд, ки бисёр шудани ҳолатҳои ғайримуқаррариро дар сохти сарҳади байни ядро ​​ва мантияи Замин бо он шарҳ додан мумкин аст, ки дар ин қисми литосфера бориши доимӣ дар шакли «барф», ки аз ҷисмҳои сахт (кристаллҳо)- аз  пайвастагиҳои оҳан ва кремний иборатанд, ба вуҷуд меоянд.

«Барф»-и силитсийдор дар қаъри Замин

Олимон дар вақти таҷрибаҳо материяи қабатҳои берунии қисми моеи ядрои Заминро аз нав ба вуҷуд оварда, рафтори онро дар сурати мавҷуд будани навъҳои гуногуни ифлосиҳо дар ин қисми литосфера пайгирӣ карданд. Олимон барои ба даст овардани аналоги моддаи аслӣ омехтаи оҳан ва силитсийро дар дохили капсулаи махсус гузошта, онро то фишори 1,23 миллион атмосфера фишурданд ва дар айни замон онро бо лазер то ҳарорати 3,42 ҳазор дараҷа гарм карданд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар дохили ин капсулаҳо мавҷудияти миқдори ками гидроген ва аргон боиси падидаи аҷибе гардид, ки геологҳо силитийи «барф» номиданд. Вай дар он зоҳир гардид, ки дар қабатҳои берунии моддаи фишурдашавандаи ядро ​​кристаллҳо аз пайвастагии оҳан ва силитсий ба вуҷуд омада, тадриҷан ба сарҳади берунии ядро ​​кӯчида, дар он ҷо ҷой гирифтаанд.

Дар моддаи ядро ​​ҳар қадар бештар гидроген  мавҷуд бошад, дар дохили «барф» ҳамон кадар зиёд силитсий мавҷуд ва ҳамон қадар устувортар буд. Чунонки геологҳо изҳор мекунанд, дар сарҳади байни ядро ​​ва мантия пайдо шудани қабати ин гуна кристаллҳо мавҷудияти бисёр ҳолатҳои сейсмикиро дар ин минтақаи литосфера шарҳ медиҳад, ки дар ғафсии онҳо ҳаракати мавҷҳои сейсмикӣ ба таври нофаҳмо суст мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Александр Герст / ESA тавассути Getty Images

Февраль 26, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад