Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки дар асоси амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 дар мамлакат баргузор мегарданд, ҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода оид ба муҳиммияти ин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва омодагии донишҷӯёни донишгоҳ барои иштирок дар онҳо таъкид намуд, ки воқеан барои тамоми аҳолии мамлакат иштирок дар озмунҳои мазкур мояи ифтихор ва шараф аст.
«Аз ин хотир донишҷӯён бояд дар ҳар як озмун фаъолона иштирок намуда, дар татбиқи ҳадафҳои олии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нишонаи воқеии таъмини рушди бемайлони илму маориф ва шинохти таъриху фарҳанг ва ҳунари оламшумули мардуми тоҷик мебошанд, саҳми муносиби худро гузоранд», — тазаккур дод ӯ.


Дар ҳамоиш устодони донишгоҳ низ доир ба нақши озмунҳо дар рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, дарёфти истеъдодҳои нави донишманд, таърихдон ва ҳунарманд андешаҳои худро иброз доштанд.
Таъкид карда шуд, ки донишҷӯён ва дигар кормандони донишгоҳ, ки дар озмунҳо иштирок менамоянд ва ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор мегарданд, ҳамзамон, устодоне, ки дар ин озмунҳо шогирдонашон ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии болозикр амрҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 феврал ба тасвиб расиданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд






