Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони Вазорати мудофиа доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи афсарон» маросими ҷоизасупорӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштирок дар 53 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар соли 2022 сазовори 141 медал гардидаанд, баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи мамлакат хабар доданд.
Дар маросим масъулини Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ варзишгаронро барои ноил гардидан ба натиҷаҳои беҳтарин дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки саҳми Клуби марказии варзишии «Артиш» дар баланд бардоштани маҳорати варзишии хизматчиёни ҳарбӣ, рушди камолоти шахсият, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳким бахшидани дӯстию рафоқат, байни ҷавонон бурдани ташвиқот бар зидди истеъмолу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ намудани насли ҷавони мамлакат аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ хеле назаррас аст.
Дар идомаи маросим афсарону сарбозон ва хизматчиёни давлатии Вазорати мудофиаи мамлакат барои дастовардҳои беҳтарини варзишӣ дар соли сипаригардида бо медалу сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки воқеан, варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон, хусусан ҷавонон мусоидат мекунад. Варзиш на танҳо тарзи ҳаёти солим, балки масъулияти баланд ва дастоварди беназир барои ҳар фард, ҷомеа, миллат ва давлат буда, дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти мо ҳамеша дар рушду такомул аст.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






