Дар Душанбе оид ба масъалаҳои тақвияти ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ конференсия доир карда шуд

Февраль 21, 2023 18:47

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои тақвияти ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ — омили муҳими таҳкими давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ»- таҳти чунин унвон 20 феврал бахшида ба 30-солагии таъсиси Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур хабар доданд.

Зимни суханронии иштирокдорон иброз гардид, ки пойдорӣ, пешрафт ва шукуфоии давлату миллат ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ аз истиқлоли давлатӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ замина гирифта, миллату давлатро ҷовидон нигоҳ медорад. Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар ҷаҳони муосир босуръат идома дорад, аз ҳар давлати миллӣ тақозо менамояд, ки баҳри нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ғоя ва худшиносии миллиро тақвият бахшад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ин масъалаи тақдирсози миллатро дар тамоми баромаду суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 вобаста ба ин масъала таъкид намуданд, ки «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».

Дар конференсия аз ҷониби намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мавзӯъҳои «Масъалаҳои шаклгирии озодии фикрии ҷавонон ва ҳифзи ватандӯстӣ аз унсурҳои радикалӣ ва ифротӣ», «Терроризм: таҳдиду хатарҳо, дурнамо ва корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар шароити пайомадҳои сиёсию идеологӣ дар байни ҷавонони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ватандӯстиву хештаншиносӣ заминаи бунёдии рушди ҷомеа ва давлат» маърӯзаҳо пешниҳод шуданд.

Гуфта шуд, ки ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзи амнияту осоиш ва якпорчагии Ватан вазифаҳои муҳимтарини шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Февраль 21, 2023 18:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд