Дар Душанбе оид ба масъалаҳои тақвияти ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ конференсия доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои тақвияти ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ — омили муҳими таҳкими давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ»- таҳти чунин унвон 20 феврал бахшида ба 30-солагии таъсиси Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур хабар доданд.
Зимни суханронии иштирокдорон иброз гардид, ки пойдорӣ, пешрафт ва шукуфоии давлату миллат ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ аз истиқлоли давлатӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ замина гирифта, миллату давлатро ҷовидон нигоҳ медорад. Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар ҷаҳони муосир босуръат идома дорад, аз ҳар давлати миллӣ тақозо менамояд, ки баҳри нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ғоя ва худшиносии миллиро тақвият бахшад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ин масъалаи тақдирсози миллатро дар тамоми баромаду суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 вобаста ба ин масъала таъкид намуданд, ки «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».
Дар конференсия аз ҷониби намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои шаклгирии озодии фикрии ҷавонон ва ҳифзи ватандӯстӣ аз унсурҳои радикалӣ ва ифротӣ», «Терроризм: таҳдиду хатарҳо, дурнамо ва корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар шароити пайомадҳои сиёсию идеологӣ дар байни ҷавонони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ватандӯстиву хештаншиносӣ заминаи бунёдии рушди ҷомеа ва давлат» маърӯзаҳо пешниҳод шуданд.
Гуфта шуд, ки ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзи амнияту осоиш ва якпорчагии Ватан вазифаҳои муҳимтарини шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд.
АКС: Академияи идоракунии давлатӣ








Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






