Дар Хуҷанд беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои ороишӣ ба фурӯш гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд намоиш- фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироати кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он кишоварзони 14 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳоро пешкаши харидорон намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ин иқдом бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти вилояти Суғд доир карда шуда, мақсад аз он муташаккилона гузаронидани маъракаи сабзазоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 890 гектар боғу токзори нав бунёд гардид.
Илова бар ин, соли сипаригашта ба ҷои 570 гектар нақшаи барқароркунии боғу токзори куҳна, 970 гектар корҳои барқароркунӣ гузаронида шуд, ки иҷрои нақша ба 170 фоиз ё 400 гектар зиёд мебошад.


Дар вилоят бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ низ вусъат меёбад. Дар 5 соли охир дар вилоят 286 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.
Зикр гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди 9 ҳазору 600 гектар боғу токзори замонавӣ, инчунин 1 ҳазору 640 гектар ниҳолхона барои омода кардани ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 390 гектар ниҳолхона барои омодасозии ниҳоли дарахтони ороишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ниҳолпарварони вилояти Суғд зиёда аз як миллион ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ток истеҳсол намуданд ва ин миқдор талаботро барои бунёду барқароркунии боғҳо таъмин менамояд.


Дар чорабинии имрӯза бобати шиносоии иштирокчиёни ярмарка бо усулҳои ташкили мубориза бар зидди ҳашароти зараррасону касалиҳо, шинонидан ва башаклдарории дарахтон нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ ташкил гардида, ба сокинон тавсияҳои судманд дода шуд.
Намоиш-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироати кишоварзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд то 26 феврали соли равон идома меёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






