Дар Мексика бар асари сардии ғайримуқаррарӣ на кам аз 26 нафар ба ҳалокат расиданд

Февраль 4, 2023 15:34

ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯиҳо, ояндаи наздик ҳарорати ҳаво дар пойтахти Мексика то як дараҷа паст мешавад. Илова бар ин, дар баъзе минтақаҳои ин давлат борон дар назар аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Россия 24» хабар медиҳад.

Мақомот аллакай ба эҳтиёҷмандон хӯроки гарм ва кӯрпа тақсим мекунанд. Ба сокинони шаҳри Мехико тавсия доданд, ки то ҳадди имкон дар хона бимонанд, ҳарчи бештар либоси гарм бипӯшанд ва ҳангоми пайдо шудани аломатҳои аввали шамолхӯрӣ ба табибон муроҷиат намоянд.

Бар асари сармо дар шимоли Мексика алакай на кам аз 26 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 70 нафар аз оксиди карбон заҳролуд шудаанд ва ё ҳангоми кӯшиши худро гарм кардан сӯхтаанд.

АКС: Vesti.ru

Февраль 4, 2023 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш